Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суғд: Маоши каму зиёди муаллимон


Шуморе аз муаллимони вилояти Суғд маоши 30 дарсад афзудашудаи худ барои моҳи сентябрро нагирифтаанд ва бархе ҳам мегӯянд, ҳанӯз моҳонаи давраи таътили худро дарёфт накардаанд.

Ин дар ҳолест, ки бо амри раиси ҷумҳур қарор буд моҳи сентябр ба муаллимон, дар қатори кормандони бархе дигар аз кормандони бахшҳои буҷавӣ, моҳонаи 30 дарсад афзудашуда, пардохта шавад.

Бо дастури раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон моҳонаҳои болорафтаи кормандони буҷавӣ, аз ҷумла муаллимони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии Тоҷикистон сар аз моҳи сентябр пардохт карда мешуд. Тибқи ин дастур, аз моҳи август ба маоши муаллимони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ 30 дарсад афзуда шудааст. Вале бархе муаллимон моҳонаи баландро дастрас карда, бархе дигар ҳанӯз дар интизори онанд.

Маошҳои каму зиёди омӯзгорони Хуҷанд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00
Линки мустақим


Абдулло Фозил, муаллим аз ноҳияи Кӯҳистони Масчо, ки дар мактаби рақами 27 дар деҳаи Пакшиф ба шогирдон аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯяд, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, бархе муаллимони ин мактаб ҳатто маоши давраи таътили худро нагирифтаанд, чӣ расад ба маоши 30 дарсад изофашудаи моҳи сентябр. Вай афзуд: “Барои он, ки ноҳия пул надорад, ба назарам. Кӯҳистони Масчо як минтақаи дастнигар аст. Барои ҳамин умедвор нишастаем, ки кай медиҳанд.”

Муаллимони бархе мактабҳои Суғд моҳонаи моҳи сентябри худро гирифтаанд, аммо бо ҳамон андозаи пешина. Вале дар Хуҷанду Қайроқум чанд муаллим дар посух ба саволи Озодӣ гуфтанд, ки маоши моҳи сентябри худро саривақт гирифтаанд ва ҳам 30 дарсад зиёд аз пештара. Саломат Акбарова, мудири гимназияи рақами 1 дар шаҳри Қайроқум чунин мегӯяд: “Мо сад дар сад маоши зиёдшудаи худро гирифтем. Дар вақташ. Ғайр аз ин, ман худам аз давлат нафақаи маъюбӣ ҳам мегирам, ки он ҳам зиёдтар шудааст. Пеш 378 сомонӣ мегирифтам, барои моҳи сентябр 448 сомонӣ пардохт карданд, 20 дар сад зиёд шудааст.”

Бо ин ҳол пардохт нашудани моҳонаи изофашуда ба муаллимони бархе мактабҳо боиси гуфтугӯҳоеро миёни сокинон гашта, ки ҳукумат ба сабаби мушкилоти молӣ ҳоло наметавонад ба муаллимони ҳама манотиқ маоши баланд пардохт кунад. Аммо раёсати маорифи вилояти Суғд мегӯяд, ин гуна ҳарфҳо асосе надоранд. Ба гуфтаи ин манбаъ, таъхир дар пардохти маоши афзудашудаи муаллимон аз дер кашидани тарофабандии моҳонаи нави онҳо аст.

Баҳоваддин Хоҷаев, сармутахассис дар бахшҳои хадамот ва иқтисоди раёсати маорифи Суғд дар ин бора мегӯяд: “Он мактабҳое, ки моҳи сентябр саривақт тарификатсияи нави худро бо иловаи 30 дарсад маоши муаллимонашон омода карда супурданд, маошҳои нави худро гирифтанд. Аммо мактабҳое, ки дер карданд, маошро ба андозаи кӯҳна (яъне – 30 дарсад кам) гирифтанд. Ман ҳозир гуфтан наметавонам кадом мактабҳо маоши 30 дарсад баланд гирифтанду кадомаш не. Ҳоло тарофабандии нав идома дорад ва ҳисобу китоб бояд то моҳи октябр ба охир расад. ”

Ҷаноби Хоҷаев афзуд, барои моҳи октябр ҳама муаллимон моҳонаи 30 дарсад зиёд хоҳанд гирифт. Ва муаллимоне, ки моҳи аввали соли хониш 30 дарсад кам моҳона гирифтанд, ин маблағ ба маоши моҳи октябри онҳо илова карда хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG