Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ


Дар Бозиҳои дувуми ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ «СпортАккорд»-2013, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷараён доранд, варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти самбо миёни занон дар даври аввал шикаст хӯрданд.

Гулнора Насриддиноваи 19-сола дар вазни то 48 кг аз Лайло Аббасавали 23-сола (Булғористон) бо ҳисоби 0:10 ва Шабнам Гуловаи 16-сола дар вазни то 56 кг аз Даниэла Ҳондиуи 23-сола (Руминия) бо ҳисоби 0:8 мағлуб шуданд. Азиза Азизоваи 17-сола, ки дар вазни то 68 кг нахустин қувваозмоияшро ба Марина Мохнаткинаи 25-сола (Русия) бо ҳисоби 0:3 бохт, баъдан дар даври ниманиҳоӣ барои медали биринҷӣ аз Алисе Шлесингери 25-сола (Исроил) шикаст хӯрд.

Бозиҳои дувуми ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ дар Санкт-Петербург то 26-уми октябр идома хоҳанд кард. Дар ин Бозиҳо наздики 1,5 ҳазор варзишгар аз рӯи 15 навъи варзиш – ҳам навъҳои олимпӣ ва ҳам ғайриолимпӣ рақобат мекунанд. Нисбат ба Бозиҳои аввали ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ, ки соли 2010-ум дар Пекин баргузор шуданд, ин дафъа ба барномаи фестивал ё ҷашнвораи ҳунарҳои размӣ шамшерзанӣ ва бокси фаронсавӣ (сават) дохиланд.

Бозиҳо дар се иншооти варзишӣ – маҷмааи варзишию фарҳангии «Петербург» (дар ин ҷо мусобиқот оид ба дзюдо, айкидо, гуштӣ, сумо, шамшерзанӣ ва кендо), Қасри варзиши «Юбилейный» (кикбоксинг, бокси тайландӣ , бокс, ҷиу-ҷитсу, сават) ва Маҷмааи варзишии «Спартак» (таэквон-до, ушу, каратэ ва самбо) баргузор шудаанд.
Баъди натиҷагирии чор рӯзи Бозиҳо варзишгарони 41 кишвар медалҳои мусобиқотро ба даст овардаанд. Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 21 медал (9 тилло, 3 нуқра ва 9 биринҷӣ) дар ҷойи аввал аст.Ҷопон бо касби 16 медал (9+3+4) дар ҷойи дувум ва Фаронса бо касби 9 мелал (5+3+1) дар ҷойи севум мебошанд.
Бояд гуфт, ки нахустин Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ дар Пекин бо ширкати варзишгарони 104 кишвар аз рӯи 13 навъи варзиши якҳарба (айкидо, бокс, гуштӣ, дзю-до, каратэ, кендо, кикбоксинг, муайтай, самбо, сумо, таеквон-до, ҷу-ҷитсу ва ушу) баргузор шуда буданд. Ин бозиҳо таҳти сарпарастии Созмони байнулмилалии «Спортаккорд», ки фаъолияти он ба рушди варзиш дар тамоми ҷаҳон равона шудааст, аз 28-уми август то 4-уми сентябри соли 2010-ум идома карданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо 39 медал (18 тилло, 11 нуқра ва 10 биринҷӣ) дар ҷои аввал қарор гирифт. Мунтахаби Чин бо 31 медал (15+3+13) ҷои дуввум ва тими Укроин бо 23 медал (7+5+11) ҷои севумро касб карданд. Байни даҳ дастаи беҳтарин, инчунин, Фаронса, Италия, Ҷопон, Тайланд, Испания, Эрон ва Лаҳистон ҷойгир шуданд.

Умуман, варзишгарони 65 кишвар соҳиби медалҳо гардиданд. Намояндагони 39 кишвар медалҳои тилло ба даст оварданд, ки миёни онҳо аз собиқ кишварҳои шӯравӣ Русия, Укроин, Озарбойҷон, Узбакистон, Қазоқистон, Беларус, Қирғизистон, Латвия ва Молдова ҳастанд. 26 кишвар медалҳои нуқраву биринҷӣ гирифтанд, ки Литва ва Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳоянд.

Сафовиддин Юсуфӣ, муштзани тоҷик, дар нахустин Бозиҳои ҷаҳонии ҳунарҳои размӣ дар Пекин дар сабқати бокс медали нуқра ба даст овардааст. Вай дар рақобатҳо дар вазни 46-49 килограмм бар ду рақибаш – Сиҳиб Нануш, аз Урдун, бо ҳисоби 7:2 ва Муҳаммад Флиссии алҷазоирӣ бо ҳисоби 17:3 пирӯз шуда, ба финал баромад. Вале ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ аз Шиминг Зу, муштзани Чин, ки соҳиби медали тилло шуд, бо ҳисоби 1:7 мағлуб гашт.

Чаҳор муштзани дигари тоҷик – Анвар Юнусов (то 56 кг), Парвиз Сатторов (то 60 кг), Комилҷон Холиқов (то 69 кг) ва Ҷаҳон Қурбонов (то 91 кг) дар даври муқаддамотӣ аз рақибони худ мағлуб шуданд. Наврӯз Ҷафоев (то 75 кг) бошад, нахуст бар рақибаш Нисорхони покистонӣ бо ҳисоби 5:0 дастболо шуд, вале баъдан аз Владимир Милевский (Литва) бо ҳисоби 2:8 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи мубориза барои медалҳо маҳрум гашт.

Инчунин дар ин бозиҳо ду варзишгари тоҷик дар риштаи гуштии самбо ҳунарнамоӣ карданд. Пӯлодҷон Солеҳов дар сабқати гуштии самбои варзишӣ байни мардон дар вазни то 90 килограмм ва дар ин навъи рақобатҳо миёни занон Дилбархон Султонова дар вазни то 64 килограмм аз медалҳои бозиҳо бенасиб монданд.
XS
SM
MD
LG