Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иҷозаи кор то 3 сол барои муҳоҷирони корӣ ба тасвиб расид


Русия тарҳи протоколи иҷозати кор барои 3 сол барои муҳоҷирони кории тоҷикро тасдиқ намуд. Аз дафтари матбуоти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон 22-уми октябр ба радиои Озодӣ гуфтанд, ки 18-уми октябри соли 2013, Русия лоиҳаи протоколи байни ҳукумати Тоҷикистон ва Русияро дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳвандони Тоҷикистон дар Русия ва шаҳрвандони Русия дар Тоҷикистонро тасдиқ намуд.

Ин тарҳи миёни ҳукуматҳо ҳануз дар соли 2004 омода ва барои тасвибу тасдиқ ба мақмомоти ҳарду кишвар ирсол шуда буд.

Санади мазкур имкон медиҳад шаҳрвандони ҳарду кишвар иҷозатномаи кориро ҳангоми фаъолияти корӣ ва будубоши мувақатӣ дар қаламрави кишвари қабулкунанда ба муҳлати 3 сол бидуни убубри марзи ин кишвар, ба даст оранд.

То кунун шаҳрвандони Тоҷикистон барои тамдиди иҷозаи кор як муддат аз сарҳади Русия убур карда ба Украина, Қазоқистон ё ба кишварҳои дигар гузуашта пас аз муддате боз баргашта иҷозаи кориро тамдид мекарданд.
XS
SM
MD
LG