Пайвандҳои дастрасӣ

Вакилони З.Саидов хостори ташхиси хуни духтари русзабон шуданд


Зайд Саидов.

Зайд Саидов.

Вакилони дифои Зайд Саидов аз Додгоҳи олӣ тақозо кардаанд, то хуни як духтари русзабони 14-сола, ки гӯё зерҳимояи онҳо ба номусаш таҷовуз кардааст, ташхис шавад.

Фахриддин Зокиров, вакили дифои Зайд Саидов рӯзи сешанбеи 22 октябр ба радиои Озодӣ гуфт, имрӯз бо имзои ҳамаи вакилони Зайд Саидов ба Додгоҳи олӣ ариза пешниҳод карданд, ки хуни як духтари русзабони 14-солае, ки гӯё Зайд Саидов ба номусаш таҷовуз кардааст, ташхис шавад. Оқои Зокиров афзуд, «ҳоло мурофиаи парвандаҳои таҷовуз ба номус идома дорад ва аз пурсиши шоҳидон маълум мешавад, ки ин парвандаҳо сохта буда, ҳеҷ асоси воқеӣ надоранд.»

Вакилони Зайд Саидов мегӯянд, ки Додгоҳи олӣ ба ҷои овардани далелҳои бепоя ва ҳодисаҳои бофта, беҳтараш хуни ин духтарро мушаххас кунад ва бо далелу бурҳон баҳс намояд. Шоми 24 сентябри соли равон Зайд Саидовро бо “ҷабрдида”-и ҷадид, ки як духтари русзабони феълан 14-сола будааст, барои шиносоӣ рӯбарӯ кардаанд. Ин духтар иддао кардааст, ки вақте ҳамагӣ 12 сол дошт, аз сӯи Зайд Саидов таҷовуз шудааст.

Алайҳи Зайд Саидов то имрӯз бар асоси 8 моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон - гирифтани пора (моддаи 319), қаллобӣ, бисёрзанӣ (моддаи 170), тамаъҷӯӣ (моддаи 250), сӯъиистифода аз ваколатҳои хидматӣ (моддаи 314), таҷовуз ба номус (моддаи 138), маҷбур сохтан ба исқоти ҳамл ва алоқаи ҷинсӣ бо нафаре, ки ба синни 16 нарасидааст, парвандаҳои ҷиноӣ кушода буданд. Бо шурӯъи парвандаи ахир шумораи иттиҳомоти зидди ӯ ба 10 мерасад.

Ин дар ҳолест, ки Милопар Бандишоев, муовини раиси Ожонси мубориза бо фасод дар арафаи оғози додгоҳи Саидов гуфта буд, ки танҳо як бахши парвандаҳои марбут ба ин соҳибкори шинохта ба дасти додгоҳ супурда шуда, тафтиши фаъолиятҳои тиҷориву иқтисодии ӯ ҳамчунон идома хоҳад ёфт. Зайд Саидов тамоми иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд карда, мегӯяд, таъқибу боздошти ӯ ангезаҳои сиёсӣ дошта, баъди эълони азмаш барои таъсиси ҳизби Тоҷикистони нав шурӯъ шуд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG