Пайвандҳои дастрасӣ

Тафтиши бомбгузорӣ дар Волгоград идома дорад


Муфаттишони Русия амалиёти террористиеро таҳқиқ мекунанд, ки дар автобуси мусофирбаре ба вуқӯъ пайваст ва 6 нафарро кушт. То кунун ҳуввияти 6 қурбонии ин ҳодиса ва зани маргталабе мушаххас шудааст, ки автобуси мусофирбарро дар шаҳри Волгоград тарконд. Владимир Маркин, сухангӯи Кумитаи Тафтишотии Русия, гуфт, бомби худсохте, ки дар автобус гузоштаанд, аз 500 то 600 грамм маводи тарканда доштааст ва дар он ашёҳои хурди оҳаниро насб кардаанд, то харобиву қурбонӣ бештар бошад. Ба гуфтаи, Владимир Маркин бомбгузор Наида Асиялова аз шаҳри Махачқалъа, пойтахти Доғистон ба ин автобус нишаста ва бо сабаби номаълум як соат қабл аз таркиш дар Волгоград поин шудааст. Автобус озими Маскав буд ва дар натиҷаи таркиш аксаран ноболиғон ҷон додаанд.
XS
SM
MD
LG