Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама бо Ҳолланд масъалаи "ҷосусиро" баррасӣ кард


Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, дар як сӯҳбати телефонӣ бо Франсуа Олланд ҳамтои фаронсавии худ, масъалаи ҷамъоварии иттилооти хусусии шаҳвандони Фаронса аз тарафи маъмурони амниятии Амрикоро баррасӣ кардааст. Бино бар баёнияи Кохи Сафед, Барак Обама ба Франсуа Олланд гуфтааст, ки баъзе аз гузоришҳо дар бораи ҷамъоварии иттилоот “таҳриф” шудаанд. Ӯ ҳамчунин афзудааст, ки Иёлоти Муттаҳида шеваҳои ҷамъоварии иттилоотро бознигарӣ мекунад. Рӯзи душанбе вазорати умури хориҷии Фаронса, сафири Иёлоти Муттаҳидаро ба вазорат хонда ва ба ӯ гуфтааст, “ҷосусӣ аз паси Фаронса” комилан ғайриқобили қабул аст. Нашрияи фаронсавии “Ле Монд” бо такя ба иттилои Эдвард Сноуден, корманди собиқи Хадамоти Миллии Амнияти Амрико навишт, ки ин ниҳод дар муддати 30 рӯз “бештар аз 70 миллион зангҳои телефонӣ ва имейлҳои фаронсавиҳоро” барои тафтиш ҷамъ овардааст. Аз ин пештар Мексика, Олмон, Бритониё ва Бразилия аз чунин амалкарди Амрико эътироз карданд.
XS
SM
MD
LG