Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Асад аз конфронси сулҳ умеди зиёде надоштааст


Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия гуфтааст, шубҳа дорад, ки конфронси байналмилалӣ, муноқиша дар кишварашро ҳал хоҳад кард. Дар мусоҳибае бо телевизиони Ал-Майодини Сурия, ӯ рӯзи душанбе гуфт, ҳанӯз ҳам санаи баргузории ин конфронси сулҳ, ки интизор меравад дар Женева баргузор шавад, муайян нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, гурӯҳҳои мухолифи давлат, ки ба ҳамоиш даъват шудаанд, на мардуми Сурия, балки қудратҳои хориҷиро намояндагӣ мекунанд. Ба қавли ӯ, “Ҳанӯз ҳам суолҳои зиёде дар бораи ин конфронс вуҷуд дорад.” Дар Сурия, ду сол боз аз ҷанги хунини дохилӣ идома дорад ва бештар аз 100 ҳазор нафар дар ин ҷанг кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG