Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боз як муштзани тоҷик - Шавкатҷон Раҳимов дар мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Алмаатои Қазоқистон дар даври севум шикаст хӯрд.

Шавкатҷон Раҳимов, ки дар даври аввал дар вазни то 64 кг бар рақибаш Адилсон Ҷустино (Ангола) ғолиб омада буд, дар даври дувум бар рақиби пуртаҷрибааш Бранимир Станкович аз Сербистон пирӯз гашт. Вале Шавкатҷон Раҳимов дар даври севум шоми 21-уми октябр аз Ермек Сакенов аз Қирғизистон бо ҳисоби 0:3 мағлуб шуд.

Ба ин тартиб, аз 7 муштзани тоҷик то имрӯз 6 нафар аз ҳаққи идомаи мубориза барои медалҳои мусобиқот маҳрум гаштанд.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали мусобиқот муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 91 кг аз Леван Гуледани (Гурҷистон) аз рӯи имтиёзҳо бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрд. Намояндаи дигари Тоҷикистон Ораз Афзалшоев низ дар даври аввал дар вазни то 56 кг аз рақибаш Ҷовид Чалабиев (Озарбойҷон) мағлуб гашт.

Инчунин муштзанҳои тоҷик - Наврӯз Ҷафоев, Меҳроҷиддин Каримов ва Анвар Юнусов дар даврҳои муқаддамотӣ шикаст хӯрданд. Наврӯз , ки дар рақобатҳо дар вазни то 75 кг аз даври аввал озод буд, дар даври 1/16-ниҳоӣ аз Азизбек Абдуғафуров (Узбакистон) дар сонияҳои охирини қувваозмоӣ бо нокдаун мағлуб шуд.

Меҳроҷиддин, мулаққаб ба «Гулливери тоҷик», дар вазни беш аз 91 кг нахустин қувваозмоияшро ба Кумар Сатиш (Ҳиндустон) бохт. Муштзани машҳури тоҷик Анвар Юнусов, ки аз даври аввал озод буд, дар даври дувум дар вазни то 60 кг аз Дайсуке Нариматсу (Ҷопон) аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуд.

Ҳамин тариқ, танҳо як муштзани тоҷик - Шаҳриёр Аҳмадов муборизаро барои медалҳои мусобиқот идома медиҳад. Вай, ки дар даври аввал дар вазни то 52 кг бар рақибаш Александр Шепелюк аз Украина пирӯз шуд, дар даври дувум бар ҷоизадори Олимпиадаи Пекин-2008 Винчентсо Пикарди аз Италия дастболо гардид. Шаҳриёр дар даври севум шоми сешанбеи 22-юми октябр бо Янтони Маркано аз Пуэрто Рико қувваозмоӣ хоҳад кард.

Қувваозмоиҳои даври пешакии мусобиқоти қаҳрамонии бокси ҷаҳон имрӯз, 22-юми октябр хотима меёбанд. 23-юми октябр даври чорякниҳоӣ, 25-уми октябр даври ниманиҳоӣ ва 26-уми октябр даври ниҳоӣ баргузор мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG