Пайвандҳои дастрасӣ

Кашфи фоҳишахона дар Душанбе


Оҷонсии назорати маводи мухаддир мегӯяд, зимни як амалиёт дар ҳудуди шаҳри Душанбе, фаъолияти фасодхонаи истеъмоли маводи нашъадор ва фоҳишахонаро ошкор намуданд. Саъдулло Раҳматуллоев, сардори дафтари матбуоти Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайрқонунии маводи мухадир рӯзи 22-уми октябр ба радиои Озодӣ гуфт, ки гурӯҳи зудамали оҷонсӣ ахири ҳафтаи гузашта дар яке аз кӯчаҳои пойтахт фаъолияти фасодхонаи истеъмоли маводи мухадирро ошкор ва чанд тан аз муътодони маводи мухаддирро боздошт карданд. Ҷаноби Раҳматуллоев ба хотири халал науфтодан ба ҷарёни тафтишот, аз овардани номи соҳиби хона худдорӣ кард. Вале гуфта мешавад фасодхонаи маводи мухадир дар яке аз манзилҳои зист созмон дода шудааст, ки соҳибхонаи он қаблан барои ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои қочоқбар ба додгоҳ кашида шуда буд. Вай пас аз озодӣ дубора ба ин амал даст зада, дар манзили хусусиаш маркази «дилхушӣ»-и муътодони маводи мухаддирро ташкил кардааст. Тавре Оҷонсии зидди маводи мухаддир мегӯяд, ҳангоми ошкор кардани ин фасодхона ду нафар муътоди маводи мухаддир дастгир шуда дар он манзил якчанд сӯзандору бо маводи мухаддир мусодира карда шудааст. Ҳамаи воситаҳои ошкоршуда дар ҳузури шахсони холис гирифта, барои таҳқиқ ба экспертиза фиристода шуданд.

Кормандони оҷонсии зидди маводи мухаддир ахири ҳафтаи гузашта боз фаъолияти як фоҳишахонаро, ки дар яке аз утоқҳои хонаи истиқоматӣ дар шаҳри Душанбе ташкил шуда буд, ошкор ва қатъ намуданд. Манбаъ афзуд, дар лаҳзаи санҷиш дар хонаи мазкур, ки барои халал ворид накардан ба рафти тафтишот аз ошкор гуфтани он худдорӣ карданд се зани аз 17 то 46 сола, ки аз вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба пойтахт омада буданд, инчунин се мард қарор доштанд. Манбаъ дар Оҷонсии зидди маводи мухаддир мегӯяд, нисбати соҳибхона парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239 КҶ ҶТ (ташкил ва нигоҳдории фасодхона, даюсӣ) оғоз намуда, барои тарк накардани ҷои истиқомат аз вай забонхат гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG