Пайвандҳои дастрасӣ

Дар тирандозӣ дар як мактаби Невада ду кас ҷон бохт


Дар аёлати Невадаи Амрико бар асари тирандозӣ дар як мактаб ду нафар, аз ҷумла, шахси ҳамлагар кушта шуданд. Ду тан аз толибилмон ҷароҳат бардоштанд. Табибон вазъи онҳоро вахим арзёбӣ мекунанд. Шахси ношинос субҳи рӯзи душанбе қал аз шурӯи дарсҳо дар як мактаби шаҳри Спаркс тирандозӣ кард.

Бархе хабаргузориҳо навиштаанд, ки ӯ баъд аз тирандозӣ худкӯшӣ кардааст.

Толибилмону омӯзгорон ва кормандони мактаб ба ҷойи амн интиқол ёфтанд, дарсҳо дар мактаб мутаваққиф шудаанд.
XS
SM
MD
LG