Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати фармондеҳи аршади мухолифини Сурия дар Даръо


Дар ҷануби Сурия дар задухӯрд бо нерӯҳои ҳукуматӣ яке аз фармондеҳони аршади Артиши озодихоҳи Сурия ба ҳалокат расид. Ба итттилои расонаҳои расмӣ ва манобеи наздик ба мухолифин, Ёсир ал-Абоуд рӯзи душанбе дар наздикиҳои шаҳри Даръо тир хӯрдааст.

Ал-Абоуд, афсари собиқи артиши Сурия, аз нахустин рӯзҳои ошӯби мардумӣ алайҳи режими Башор Асад бо мухолифин пайваст.

Бахши аъзами шаҳри Даръо таҳти назорати нерӯҳои ҳукуматӣ қарор дорад. Моҳҳои ахир мухолифини мусаллаҳ муваффақ шуданд, ки яке аз маҳаллаҳои қисмати бостонии шаҳр ва рустоҳои атрофи онро таҳти назорат қарор диҳанд.
XS
SM
MD
LG