Пайвандҳои дастрасӣ

Дар вилояти Волоград се рӯз мотам эълон шуд


Одамони бар асари таркиши автобус дар шаҳри Волгоград ҷароҳатбардошта тавассути ҳавопаймои вазорати ҳолатҳои изтирории Русия ба бемористонҳои Маскав интиқол дода мешаванд. Дар ин бора намоядаи вазорат хабар додааст.

Бар пояи итттилои ахир, дар ин амали маргталабона шаш нафар кушта ва 33 нафар маҷрӯҳ шудаанд. 28 нафар аз осебдидагон алҳол таҳти назорати табибон қарор доранд ва вазъи чанд тани онҳо вахим арзёбӣ мешавад. Ба иттилои расмӣ, маргталаби 30-сола Наида Асиялова, сокини ҷумҳурии Доғистони Русия ҳам ба ҳалокат расидааст.

Владимир Маркин, намояндаи Кумитаи тафтишоти Русия, хабар дод, ки билофосила баъд аз вуруди ин зан ба автобус таркиш ба амал омад.

Шурӯъ аз 22 октябр дар вилояти Волгоград ба ёди қурбониёни ҳамлаи террористӣ барои се рӯз мотам эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG