Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вошингтон омодаи идомаи ҳамкорӣ бо Илҳом Алиев аст


Сафири Амрико дар Боку Ричард Морнингстар изҳор намуд, ки Вошингтон аз раисиҷумҳури тозаинтихоб Илҳом Алиев ва ҳукумати ӯ идомаи ҳамкории зичро интизор аст. Дар изҳороти дипломати воломақом, ки дар сомонаи сафорат нашр шудааст, омодааст, “бо вуҷуди ихтилофи назарҳо миёни ҷонибҳо Вошингтон ҳам бо ҳукумати Озарбойҷон ва ҳам бо ҷомеъаи шаҳрвандӣ ба хотири дифоъ аз арзишҳои демократӣ ва ҳалли қазияи Қарабоғи кӯҳӣ ҳамкорӣ хоҳад кард”.

Дар изҳорот ба муҳим будани ҳамкориҳои миёни Амрико ва Озарбойҷон дар бахшҳои амнияти минтақаӣ, мубориза бо терроризм ва таъмини амнияти энерҷӣ таъкид шудааст.

Рӯзи шанбе Илҳом Алиев дар як маросим дар Боку ба ҳайси раисиҷумҳури тозаинтихоб савганд ёд кард. Ӯ бори сеюм дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ пирӯз шуд.

Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо интихоботи президентии рӯзи 9 октябр дар Озарбойҷонро барои қонуншиканиҳои ҷиддӣ танқид кард.
XS
SM
MD
LG