Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ях"-и миёни Исломободу Вошингтон рӯ ба об шудан аст?


Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрико ва Навоз Шариф, нахуствазири Покистон.
Ҷон Керри, вазири умури хориҷии Амрико ва Навоз Шариф, нахуствазири Покистон.

Амрико мегӯяд, равобити ин кишвар бо Покистон ҳеҷ гоҳ ба ин андоза боаҳамият набудааст ва Исломобод нақше муҳиме дар суботи минтақа дорад.

Ин матлабро Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико пас аз мулоқоташ бо Навоз Шариф, нахуствазири Покистон дар Исломобод изҳор дошт.

Равобити ду кишвар тайи ду соли ахир бо танишҳое ҳамроҳ будааст, аммо мақомҳои амрикоӣ гуфтаанд, омодаанд пардохти бахше аз кӯмакҳои як миллиарду шашсад миллион доллариро пас аз ду соли таваққуф, аз сар бигиранд. Хабаргузории Ройтерз аз қавли сухангӯи вазорати хориҷии Амрико мегӯяд, ин вазорат конгрессро аз он чӣ пуштибонии молӣ аз иҷрои барномаҳои гуногун дар Покистон дар назар дорад, бохабар кардааст.

Сухангӯи вазорати хориҷии Амрико рӯзи 20-ум октябр гуфтааст, ин бахше аз раванди тӯлонӣ барои оғози ҳамкориҳои амниятӣ аст, ки аз соли 2011 то 2013 коҳиш пайдо карда буд, ҳарчанд кӯмакҳои ғайринизомӣ бидуни таваққуф идома доштааст. Ишора ба солҳои гузашта, аз ҷумла ишора ба замоне аст, ки Амрико дар ҳамлаи пинҳонӣ ба махфигоҳи Усома бин Лодин, раҳбари Ал-Қоида ва шуморе дигар аз аъзои ин гурӯҳро, ки дар Покистон пинҳон шуда буданд, аз байн бурд.

Албатта бархе ҳамлаҳои дигар ба шибҳи низомиён ва ҷангиён дар хоки Покистон, ки тай онҳо ғайринизомиён ва ҳатто марзбонони Покистон кушта шуданд, низ ба равобити ду кишвар таъсири манфӣ гузошта буд. Аммо акнун вазири умури хориҷии Амрико мегӯяд, равобит бо Покистон аз аҳамияти босазое бархӯрдор аст: "Мо масоили зиёде дорем, ки бояд дар мавриди онҳо гуфтугӯ кунем... Покистон навъе демократия аст, ки талош мекунад иқтисодашро ба пеш бибарад ва дар айни ҳол дар суботи минтақа аз аҳамият бархӯрдор аст."

Пас аз дидори вазири хориҷии Амрико ва Навоз Шариф, нахуствазири Покистон низ роҳии Амрико шуд. Барак Обама раиси ҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе бо Навоз Шариф дидор хоҳад кард. Ҳарчанд тайи моҳҳои гузашта низ гузоришҳое дар мавриди оғози кӯмакҳои гуногун ба Покистон мунташир шуда буд, аммо ҳамзамон бо барномарезӣ барои дидори мақомҳои баландпояи ду кишвар дар Вошингтон аст, ки ин барномаҳо расман эълом мешаванд. Навоз Шариф илова бар раиси ҷумҳури Амрико, қарор аст бо намояндагони конгресс низ дидор кунад.

Ба гуфтаи сухангӯи вазорати умури хориҷии Амрико, барои соли молии 2014, Барак Обама хостори бештар аз 1,1 миллиард доллар кӯмак барои Покистон шудааст. 800 миллион доллар барои кӯмакҳои ғайринизомӣ ва 300 миллион доллар барои кӯмакҳои амниятӣ.

Покистон тайи солҳои гузашта бо бӯҳронҳои амниятӣ рӯбарӯ будааст. Бӯҳронҳое, ки бахши бузурге аз он ба ҷангиён ва гурӯҳи Толибон бозмегардад. Тайи моҳҳои гузашта ва бо рӯи кор омадани давлати нав бо раҳбарии Навоз Шариф, бар хилофи ваъдаҳои интихоботӣ, бӯҳронҳои амниятӣ ҳамчунон идома доштааст.

Бархе ҳамлаҳои бузург танҳо тайи чанд моҳи гузашта Покистонро такон додааст. Аз ҷумла таркиши як автобус дар 27-уми сентябр, ки ҳомили коркунони давлатӣ буд ва дар пайи он беш аз 60 нафар кушта шуданд. Ду рӯз пас аз он низ ҳамлаи маргбори дигаре ба бозори Қиссахонаи Пешовар, беш аз 40 кушта бар ҷой гузошт. Ҳамлае интиҳорӣ ба як маросими ҷаноза ва ҳамлае бо беш аз 75 кушта ба як калисо, ҳамагӣ танҳо дар чанд ҳафтаи гузашта рух додаанд.

Илова бар мушкилоти амниятӣ дар дохили Покистон, ҳузури ҷангиён дар Афғонистон ва масоили амниятии ин ҳамсоякишвари Покистон низ барои Амрико аз аҳамияти зиёде бархӯрдор аст.
XS
SM
MD
LG