Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Ҳомид Карзай


Имрўз 21-уми октябр раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо президенти Афғонистон Ҳомид Карзай мулоқот намуд. Тавре Муҳамадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон рӯзи 21-уми октябр ба Радиои Озодӣ хабар дод, дар ҷараёни мулоқот бештар ба масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни Душанбе ва Кобул таваҷҷўҳ зоҳир карда шуд.

Тибқи итилоъи ин манбаъ гардиши савдо миёни Тоҷикистону Афғонистон дар ҳашт моҳи соли 2013 маблағи 120 млн. 882,3 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил кардааст. Аз ҷумла 74 млн. 648, 8 ҳазор доллар содирот 46 млн.233, 5 ҳазор доллар воридот.

То кунун байни Тоҷикистону Афғонистон болои рӯдхонаи Панҷ расман панҷ пул (пулҳо дар Панҷи Поён – “Дӯстӣ”, Ишкошим, Хоруғ (Тем), Дарвоз (Рузвай) ва Ванҷ (Хумроғӣ) сохта шудааст. Соли 2011 хатти интиқоли барқи 220 кВ Сангтуда-Пули Хумрӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Манбаъ афзӯд дар Тоҷикистон айни ҳол 85 ширкатҳои афғонӣ фаъолият мекунад. То имрӯз миёни Тоҷикистон ва Афғонистон 68 созишнома ва ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расидааст.
XS
SM
MD
LG