Пайвандҳои дастрасӣ

Барасии лоиҳаи қонун дар бораи будҷаи соли оянда дар парлумон


Имрӯз аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон, палати поёнии порлумони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014»-ро баррасӣ кард.

Муҳаммадато Султонов, сухангуи порлумони Тоҷикистон зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "Шӯро таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намоядагон баргузор шуд ва Сафаралӣ Раҷабов, раиси кумитаи иқтисод ва молия зимни муаррифии ин лоиҳа гуфтааст, ки дар таҳияи лоиҳаи будҷаи соли оянда, тамоми таклифу пешниҳодҳо ба инобат гирфта шуданд".

Ҷаноби Султонов гуфт, аъзои шӯрои Маҷлиси наморядагон пас аз баррасии ҳамаҷонибаи лоиҳаи буҷети соли 2014 ва дигар лоиҳаи қонунҳо ин масъалаҳоро ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи порлумон пешниҳод карданд.

Лоиҳаи будҷаи соли 2014 аз суи ҳукумати Тоҷикистон таҳия ва ба порлумон ироа шудаааст.

Ҳаҷми умумии будҷаи давлатӣ барои соли оянда 13 миллиарду 901 миллион сомонӣ (муодили 2,9 миллиард доллар ва 28,7% маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ, ё ММД) муқаррар гардидааст, ки нисбат ба буҷаи давлатии соли 2013 15,3% ё худ 1,8 миллиард сомонӣ зиёд будааст.
XS
SM
MD
LG