Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбеву Кобул масъалаи марзро баҳс мекунанд


Ба зудӣ куммиссиюни муштараки марзии Тоҷикистону Афғонистон доир мешавад.
Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон Шарофиддин Имомов рӯзи 21 октябр дар ҳошияи сафари Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон ба Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки "баррасии масоили таҳкими марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон аз масоили матруҳаи комиссияи масоили марзӣ ва амниятии ҳар ду кишвар хоҳад буд." Ӯ дар посух ба ин суол, ки хабари таҷаммӯи гуруҳҳои мусаллаҳ дар манотиқи шимол, ба хусус вилояти Бадахшони Афғонистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, хатаротеро ба бор намеорад?, гуфт, ки "ин хабарҳо воқеият надорад ва бофтаи расонаҳои русӣ мебошанд."

Сафири Тоҷикистон дар Афғонистон тавони нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон ва Тоҷикистон дар муқовимат алайҳи ҳар гуна гуруҳи тахрибкорро кофӣ хонд ва гуфт, ки бо таваҷҷуҳ ба ҳамкории афғонҳо бо нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ, онҳо "аз таҷрибаи хубе бархӯрдоранд ва намегузоранд, ки марзи Тоҷикистон ва Афғонистон, ки марзи дӯстӣ эълон шудааст, ноором гардад."
XS
SM
MD
LG