Пайвандҳои дастрасӣ

Омодагии Русия барои назорати шадидтар бар интернет


Бино ба гузориши нашрияи“Коммерсант”, Хадамоти Федеролии Анияти Русия ба нақша гирифтааст, ки контрол бар интернет дар ин кишварро шадидтар кунад. Бино ба навиштаи ин нашрия, вазорати алоқаи Русия пешнависи қонунеро таҳия кардааст, ки бар асоси он то 1 июли соли 2014 ҳамаи пешкашкунандагони хадамоти интернетӣ бояд таҷҳизотеро насб кунанд, ки тамоми мукотибаҳои интернетӣ ва маводи онро битавонад дар 12 соати гузашта сабт кунад ва Хадамоти Федеролии Амният бояд ба он дастрасии мустақим дошта бошад.

“Коммерсант” ҳамчунин номаи Вимпелкомро иқтибос овардааст ва гуфтааст, ин ниҳоди пешкашкунандаи хадамоти интернетӣ вазорати алоқаро сахт зери интиқод гирифтааст ва гуфтааст, ки пешнависи ин санад Қонуни Асосии Русияро дар бораи ҳифзи ҳаёти шахсии шаҳрвандон вайрон мекунад.

“Коммерсант” ҳамчунин аз номи ду манбаъ дар саноати мухобиротӣ ва яке аз мудирони ширкати Ростелеком навиштааст, ки пешнависи санади мазкур то охири соли 2013 дар вазорат сабти ном ва ба иҷро хоҳад даромад.
XS
SM
MD
LG