Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон ва Карзай эъломияи муштараки ҳамкорӣ имзо карданд


21 октябр дар поёни мулоқоти Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон бо Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар “Кохи Миллат”-и шаҳри Душанбе як эъломияи муштарак ва се қарордоди ҳамкорӣ ба имзо расид. Эъломияи муштаракро Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай-раисони ҷумҳури ҳар ду кишвар имзо карданд.

Ҳамчунин созишнома дар бораи поксозии марзи ду кишвар аз минҳоро Ҳамрохон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Иршод Аҳмадӣ-муовини сиёсати хориҷии вазорати корҳои хориҷии Афғонистон, созишномаи ҳамкорӣ дар бораи транзити молу колоро Сафаралӣ Наҷмиддинов ва Умари Зоҳирвол-вазирони молияи Тоҷикистон ва Афғонистон имзо карданд.

Мақомоти Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунин созишномаи ҳамкорӣ дар бахши бимаро имзо карданд.
XS
SM
MD
LG