Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандозӣ дар назди калисои қибтҳои Миср дар Қоҳира


Дар Қоҳира рӯзи якшанбе дар натиҷаи тирандозии афроди номаълум дар назди калисои масеҳиёни қибт 3 нафар кушта шудаанд. Дар миёни кушташудагон як духтари 8 сола низ ҳаст. 9 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Бино ба маълумоти пулис, ду нафар ба гурӯҳи одамоне, ки баъд аз маросими арӯсӣ вориди калисо мешуданд, тирандозӣ кардаанд. Қибтҳо тақрибан 10 дарсади аҳолии Мисрро ташкил медиҳанд. Вақтҳои охир онҳо борҳо ҳадафи ҳамлаи исломгароён қарор гирифтаанд. Исломгароён раҳбарони қибтҳоро муттаҳам мекунанд, ки онҳо ҷонибдори барканории Муҳаммад Мурсӣ-раиси ҷумҳури барканоршуда мебошанд.
XS
SM
MD
LG