Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ бо Навоз Шариф дар Вашингтон мулоқот кард


Ҷон Керрӣ ва Навоз Шариф дар Вашингтон
Ҷон Керрӣ ва Навоз Шариф дар Вашингтон
Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико рӯзи якшанбе дар Вашингтон бо Навоз Шариф-нахуствазири Покистон мулоқот анҷом дод. Бозиди Навоз Шариф аз Амрико идома дорад ва рӯзи чаҳоршанбе мулоқоти вай бо президент Барак Обама барномарезӣ шудааст.

Ҷон Керрӣ баъд аз мулоқот бо Навоз Шариф ба рӯзноманигорон гуфт, ки “муносибот бо Покистон наметавонад бештар аз ин муҳимтар бошад” ва афзуд Покистон барои “суботи минтақа муҳим аст”. Мақомоти расмии Амрико мегӯянд, ки Вашингтон омода аст ба арзиши 1,6 миллиард доллар ба Покистон кӯмакҳои низомиву иқтисодӣ кунад.

Муносиботи миёни ин ду кишвар баъд аз куштори Усома Бен Лоден-раҳбари шабакаи террористии Ал Қоида сард шуда буд. Вай дар ҷараёни як амалиёт соли 2011 дар Аббутобод дар наздикии Исломобод кушта шуд. Покистон ҳамчунин аз ҳамлаҳои ҳавопаймоҳои бесарнишини Амрико дар қаламрави кишвараш шикоят карда буд.
XS
SM
MD
LG