Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон таркиши бам дар роҳи оҳан 5 кушта бар ҷой гузошт


Дар Покистон таркиши баме, ки ҳадафаш қатори мусофирбар буд, дастикам 5 кушта бар ҷой гузоштааст. 17 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Мақомоти маҳаллии вилояти Балуҷистон гуфтаанд, ки зоҳиран ин бамро дар роҳи оҳани ноҳияи Носиробод гузоштаанд.

Ин қатор бо номи "Jaffar Express" аз шаҳри Равалпиндӣ ба шаҳри Кветта-маркази вилояти Балуҷистон ҳаракат мекард. Дар натиҷаи таркиш қатор аз хат хориҷ шудааст.

Шӯришиёни балуҷ аз соли 1947 ба ин сӯ, яъне аз замони ташкили давлати Покистон борҳо даст ба шӯриш задаанд. Бори охир соли 2004 шӯришиёни балуҷ худмухтории сиёсӣ талаб карданд ва хостанд, ки даромади минтақа аз нафту газ ва соири захоири маъданиро дар ихтиёри худ бигиранд.
XS
SM
MD
LG