Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дмитрий Медведев се рӯз аз Чин боздид мекунад


Дмитрий Медведев
Дмитрий Медведев
Дмитрий Медведев-нахуствазири Русия бо даъвати Ли Кекиёнг-раиси Шӯрои Давлатии Чин се рӯз аз Чин боздид мекунад. Ин боздид аз 21 то 23 октябр давом мекунад. Барномаи аслии боздиди вай ширкат дар ҷаласаи 18-ӯми раҳбарони ҳукуматҳои ду кишвар аст, ки барои 22 октябр дар назар гирифта шудааст.

Дар ин ҷаласа ҷонибҳо бештар ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва башарӣ таваҷҷуҳ хоҳанд кард. Баъд аз ду рӯзи боздид аз Пекин Медведев ба Ҳефей меравад ва дар он ҷо дар донишгоҳи илму технологияи Чин мулоқот анҷом медиҳад.

Соли 2012 тиҷорати ҳар ду ҷониб ба 49,6 миллиард доллар расид. Ин ду кишвар мехоҳанд, ки то соли 2015 мизони тиҷорат ба 100 миллиард ва то соли 2020 ба 200 миллиард доллар бирасад.
XS
SM
MD
LG