Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Насиҳат"-ҳои "Ҷумҳурият" ба хабарнигорони "бегонапараст"


Сомонаи расмии "Ҷумҳурият"
Сомонаи расмии "Ҷумҳурият"

Рӯзномаи «Ҷумҳурият», минбари расмии ҳукумати Тоҷикистон, бисёре аз хабарнигорони кишварро ба он муттаҳам кардааст, ки эҳсоси ватандӯстӣ надоранд ва аксар вақт бар зиёни миллат менависанд.

Дар як мақолаи тӯлоние дар нашрияи расмии "Ҷумҳурият" омадааст, ки бисёре аз хабарнигорон ҳоло «навиштани гузориши мусбат» дар бораи Тоҷикистонро ор медонанд ва «манофеъи миллиро аз ғаразҳои беруна ҷудо карда наметавонанд. Дар ин мақола таҳти унвони «Патриотизм ва журналисти тоҷик» омадааст, «мутаассифона, аз нигоҳи патриотизм рӯзноманигорони фидокор ва сарояндаи асили дастовардҳои ватанӣ имрӯз дар Тоҷикистон камшуморанд

Ба қавли муаллифи мақола, танқиди ҳамаҷонибаи ҳукумати Тоҷикистон ва ҳама гуна тасмиму тадорукоте, ки аз ҷониби давлат гирифта мешавад, дар миёни бисёре аз хабарнигорони тоҷик расм шудааст. Муаллиф афзудааст, ки «имрӯз барои чанд журналист ҳарфи мусбатро навиштан баробари пасттарин амал гардидааст, хусусан барои рӯзноманигороне, ки худро "мустақил" меномандДар идомаи ин матлаб муаллиф иддао кардааст, ки бисёре аз хабарнигорони тоҷик «бегонапараст» шудаанд ва баъзе аз онҳо дастнигари созмонҳои хориҷӣ гашта ва эҳсоси меҳанпарастиро фаромӯш кардаанд.

Ба қавли муаллифи мақолаи «Ҷумҳурият», хабарнигорони тоҷик ғаразмандона менависанд ва навиштаҳои онҳо зери таъсири ҳадафҳову ғаразҳои сиёсиву иқтисодии гурӯҳҳои қудратталаб қарор дорад. Муаллиф қазияи боздошти халабонҳои русро дар шаҳри Қӯрғонтеппа ёдовар шудааст, ки баъди фишори ҳукумати Русия ва ҳаёҳуи зиёд дар матбуоти русӣ ҳукумати Тоҷикистон онҳоро озод кард. Ба гуфтаи муаллиф, дар ин қазия баъзе хабарнигорони тоҷик натанҳо мавқеи давлатро ҳимоя накарданд, баръакс ҷониби муқобилро гирифта, болои ҳукумат сиёҳӣ рехтанд. Инъикоси муноқишаву тазоҳурот дар Хоруғ дар тобистони соли гузашта низ, ба гуфтаи муаллиф, ғаразмандона ва мухолифи манофеъи миллии Тоҷикистон буд.

Моҷарои атрофи Олга Тутубалина, хабарнигори “Азия Плюс”, ки то кунун идома дорад, намунаи дигаре аз “беэҳтиромии хабарнигорони тоҷик ба ватану миллат” хонда шудааст. Ба гуфтаи муаллиф, хабарнигорони тоҷик ба ҷойи нишон додани “ноҳаққӣ”-и Олга Тутубалина, ки зиёиёни кишварро “наҷосат” хонда буд, аз ӯ ҳимоят карданд.

Муаллиф ҳамчунин хабарнигорони тоҷикро беҳунар тавсиф карда ва гуфтааст, ки теъдоди ками онҳо ду забон медонанд ва аксарияташон як забонро баладанд ва дар доираи расонаи маҳдуд кор мекунанд. Ба иддаои ӯ, дар Тоҷикистон рӯзноманигорони тахассусӣ тақрибан вуҷуд надоранд ва “ҳар кас медонаду дави аспаш”, гоҳе аз сиёсат менависанд гоҳе аз иқтисод ва баъзан исбот карданӣ мешаванд, ки агар пешниҳоди кардаи ӯ иҷро нагардад, “буҳрони фардо Тоҷикистон ё кишвари дигарро ба комаш фурӯ мебарад.”

Муаллиф дар поёни мақолаи худ, аз хабарнигорони тоҷик хостааст, ба хотири, ба қавли ӯ, "як пиёла чой"-и аҷнабӣ, ё ваъдаҳои гурӯҳҳои қудратталаб, оромӣ ва сулҳу суботи Тоҷикистонро ба хатар наандозанд.

Азбаски “Ҷумҳурият” минбари расмии ҳукумати Тоҷикистон аст, аксаран матолиби нашршуда дар онро дидгоҳу мавзеъгирии мақомоти расмӣ ба ин ё он масъала медонанд. Созмонҳои хабарнигорӣ нашри ин мақоларо як навъ “насиҳати дӯстона” ба хабарнигороне медонанд, ки солҳои ахир ошкоро аз амалкардҳои ҳукумат танқид мекунанд. Бо вуҷуди ин, матбуоти Тоҷикистон аз назари созмонҳои байналмилалии ҳомии озодии сухан, озод нест ва хабарнигорони тоҷик аз тарси таъқибу муҳокима дар додгоҳ аз гуфтани ҳақиқат ва нишон додани мушкилоти воқеъӣ дар ҷомеа то ҳадде парҳез мекунанд.
XS
SM
MD
LG