Пайвандҳои дастрасӣ

Гаравгонони лубнонӣ ба ватанашон баргаштанд


Нӯҳ гаравгони шиъамазҳаб, ки тақрибан якуним сол дар асорати шӯришиёни Сурия буданд, баъди раҳоӣ дар рӯзи шанбе ба Бейрут баргаштанд. Шаҳрвандони Лубнонро дар ивази ду халабони ширкати ҳавопаймоии Туркиш Эйрлайнз раҳо карданд, ки онҳоро моҳи август дар Лубнон гаравгон гирифтанд. Халабонҳои турк ҳам рӯзи шанбе ба ватанашон баргаштанд. Расонаҳои давлатии Лубнон гуфтанд, ки нӯҳ шаҳрванди кишварро ҳангоми сафар ба Эрон аз тариқи Сурия, шӯришиён моҳи майи соли 2012 рабуданд. Шӯришиён мегуфтанд, ки инҳо размандони созмони шиъамазҳаби Ҳизбуллоҳ ҳастанд, ки ба ҳукумати Башор Асад, раиси ҷумҳури Сурия кӯмак мекунанд. Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Эрон ба ҳукумати Асад ва Туркия ба шӯришиёне кӯмак мекунад, ки алайҳи ӯ меҷанганд.
XS
SM
MD
LG