Пайвандҳои дастрасӣ

Конфронси сулҳи Сурия моҳи оянда баргузор мешавад


Набил ал-Арабӣ, дабири кулли Иттиҳодияи Араб эълон кард, ки конфронси баъдии роҳҳои расидан ба сулҳ дар Сурия рӯзи 23 ноябр дар Женева баргузор мешавад. Ӯ баъди мулоқот бо Ахзар Иброҳимӣ, фиристодаи хоси Созмони Милал барои Сурия, дар шаҳри Қоҳира гуфт:"Ман масъалаи Сурияро бо Ахзар Иброҳимӣ баррасӣ кардам ва қарор шуд, ки нишасти Женева рӯзи 23 ноябр сурат бигирад ва корҳои муқаддамотӣ барои баргузории конфронс анҷом мешаванд. Барои баргузор кардани ин конфронс, кори зиёде ҳаст, ки бояд анҷом шавад ва мушкилоти зиёде ҳаст, ки бояд рафъ шавад." Мақомоти расмии кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ саъй доранд, мухолифони давлати Сурияро барои ширкат дар ҳамоиши сулҳ дар Женева мойил кунанд. Ахзар Иброҳимӣ гуфт, ки барои омодагӣ ба ин нишаст ба Қатару Туркия, Эрон Сурия ва Амрикову Русия сафар хоҳад кард. Дар ҳамоиши Женева бояд роҳҳои хотима додан ба ҷанг дар Сурия ва таъсиси ҳукумати муваққат баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG