Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Наттоқи шинохтаи тоҷик номзади илм шуд


Яке аз нотиқони маъруфи Тоҷикистон ҳафтаи гузашта унвони номзади илмҳои филологиро соҳиб шуд. Абдурашид Хуҷамқӯлов, мудири Радиои давлатии Тоҷикистон ва наттоқи собиқадори радиову телевизион, рӯзи 17 октябр рисолаи илмӣ дар бораи эҷодиёти Муҳаммадҷон Раҳимӣ, шоири замони шӯравиро ба раҳбарии профессори шинохта Худойназар Асозода ҳимоят кардааст. Абдурашид Хуҷамқуловро, ки 63 сол дорад, раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон соли 2012 мудири Радиои Давлатии Тоҷикистон таъйин кард, ки чанд шабака дорад ва дар саросари кишвар бо забонҳои гуногун, вале умдатан тоҷикӣ барнома пахш мекунад.
XS
SM
MD
LG