Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Тоҷикистон бемории сил кам шудааст, аммо..


Бино ба иттиллои вазорати тандурустии Тоҷикистон тайи 9 моҳи гузаштаи имсол 31 нафар ба бемории хатарноки сиёҳзахм гирифтор шудаанд, ки дар муқоиса ба соли гузашта бештар аст. Соли 2012 сиёҳзахм ва ё антракс ба 21 нафар сироят кардааст. Бемории сиёҳзахм умдатан аз ҳайвонот ба инсон сироят мекунад ва дар Тоҷикистон аксар вақт сокинони рустоҳои дурдаст ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Бо вуҷуди онки бемории мазкур даво дорад, вале дар сурати таъхир дар муолиҷа ва беэътиноӣ фарди беморро мекушад. Дигар ин ки тайи 9 моҳи соли равон теъдоди мубталоён ба бемории сил дар Тоҷикистон камтар шудааст. Дар ин муддат 3826 мавриди гирифторӣ ба бемории силро ошкор кардаанд, ки дар муқоиса ба соли 2012 143 маврид камтар аст, аммо тамоюли нигаронкунанда ин аст, ки беморӣ дар миёни кӯдакон бештар шудааст.
XS
SM
MD
LG