Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Черногория ҳамҷинсгароён раҳпаймоӣ мекунанд


Мақомоти Черногория мегӯянд, барои таъмини амнияти раҳпаймоии ҳамҷинсгароён дар пойтахти кишвар 2000 маъмури пулисро сафарбар кардаанд. Тадобири амниятиро баъди он дар шаҳри Подгоритса тақвият додаанд, ки гурӯҳҳои алоҳида ва ҳам раҳбари калисои ортодокси Черногория ба баргузор кардани раҳпаймоии ҳамҷинсгароён мухолифат карданд. Черногория мехоҳад ба Иттиҳодияи Аврупо бипайвандад ва Мило Дуканович, нахуствазири ин кишвар гуфтааст, ки раҳпаймоӣ бояд дар фазои ором сурат бигирад. Моҳи июли соли равон ҳангоми раҳпаймоии фаъолони ҳуқуқи ҳамҷинсгароён дар шаҳри Будваи Черногория, миёни мухолифони раҳпаймоӣ ва маъмурони пулис муноқиша сар зад.
XS
SM
MD
LG