Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Ҳинд ба Маскав сафар кард


Қарор аст, имрӯз Маҳмоҳан Сингҳ, нахуствазири Ҳинд барои ширкат дар нишасти солона ва 14-уми сарони ду кишвар вориди Русия шавад. Ӯ рӯзи душанбе бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия мулоқот мекунад ва мавзӯъҳои сӯҳбати онҳо, тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла фурӯши силоҳу ҷангафзорҳои русӣ ба Ҳинд хоҳад буд. Масъалаи дигар, бунёди воҳидҳои саввум ва чаҳоруми нерӯгоҳи барқи атомии Куданкулам дар Ҳинд аст, ки ширкатҳои Русия месозанд. Дар нишасти ду тараф, амнияти минтақавӣ пас аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон баъд аз соли 2014 низ баррасӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG