Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Донишманди тоҷик мудири бахши донишгоҳи русӣ шуд


Нуралӣ Қурбонов, донишманди тоҷикро декани факултаи як донишгоҳи давлатии Русия таъйин кардаанд. Ба иттиллои сафорати Тоҷикистон дар Маскав, Нуралӣ Қурбонов, доктори улуми иқтисодӣ декани бахши муносиботи байналмилалӣ ва асосҳои ҳуқуқиву иқтисодии истихроҷи маъданҳои табиӣ дар Донишгоҳи Давлатии Геология ва Иктишофи Русия таъйин шудааст. Нуралӣ Қурбонов, дар замони шӯравӣ, ба ҳайси раиси ҳукумати вилояти Хатлон низ кор кардааст ва солҳои ахир дар донишгоҳҳои Русия дарс медод. Ӯ то замони таъйин шуданаш дар мақоми декани факулта, профессори кафедраи кор ва сиёсати ҳифзи иҷтимоии Академияи Хадамоти Давлатии тобеъи раиси ҷумҳури Русия буд. Муаллифи даҳҳо пажӯҳиш дар бораи бозори корӣ дар кишварҳои муштаракулманофеъ ва Русия аст.
XS
SM
MD
LG