Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хатлон: Ихроҷи 44 шаҳрванди хориҷӣ


Ба иттилои Маҳмудҷон Хоркашев, раиси намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон, давоми имсол нисбати 44 шаҳрванди хориҷӣ, ки аксаран аз Покистон, Афғонистон ва Чин будаанд, 68 парвандаи маъмурӣ ифтитоҳ дода шуда, бо сабаби будубоши ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 25 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ ва аз марзи вилояти Хатлон ихроҷ гардидаанд.

Ҳамзамон тайи 9 моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 380 нафар сокинони вилояти Хатлон, ки дар қаламрави Русия мардикорӣ мекарданд, бо ҷурми надонистани забони русӣ, тарзи нодурусти ҳуҷҷатгузорӣ, иҷозатномаи кор дар ин кишварро надоштан ва будубоши ғайриқонунӣ аз хоки он кишвар берун карда шуданд.

Раиси идораи Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон ҳамчунин гуфт, ки дар ин давра аз шаҳру навоҳии ҷанубии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар қариб 280 ҳазор нафар сафар карда, беш аз 190 ҳазор нафар ба зодгоҳҳои худ баргаштаанд.
XS
SM
MD
LG