Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико ба ҷойи Манас пойгоҳи дигар пайдо кард


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо Руминия созишномаеро имзо кард, ки иҷоза медиҳад, ҳангоми хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон аз як пойгоҳи Руминия истифода кунад. Бар асоси ин санад, баъди хатми қарордод дар бораи истифодаи Маркази Транзитии Манас дар Қирғизистон, парвози ҳавопаймоҳо ва дигар амалиётҳои кӯмакӣ дар фурудгоҳи ҳавоии Миҳаил Когалничану дар Руминия сурат мегирад. Қарор аст, Амрико ва ҳампаймонҳояш то охири соли 2014 аксари нерӯҳои ҷангӣ ва муҳимоти худро аз Афғонистон берун кунанд ва барои ин кор омодагӣ мегиранд. Чак Ҳагел, вазири дифоъи Амрико ва Мирча Дуса, ҳамтои руминии рӯзи ҷумъа дар ин бора дар Вашингтон гуфтугӯ карданд. Вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида гуфт, ду тараф, “созишномаеро ниҳоӣ карданд, ки бар асоси он Руминия дар амалиётҳои икмолотӣ, аз ҷумла вуруду хуруҷи нерӯҳову борҳо ба Афғонистон кӯмак хоҳад кард.”
XS
SM
MD
LG