Пайвандҳои дастрасӣ

Мусобиқаи қаиқронӣ ба хотири Иброҳим Ҳасанов


Рӯзҳои 22 ва 23-юми октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии қаиқронӣ доир мешавад. Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба Озодӣ хабар доданд, ин мусобиқа ба хотираи мураббии шоистаи Иттиҳоди Шӯравӣ Иброҳим Ҳасанов бахшида шудааст. Дар мусобиқаи ҷумҳуриявии қаиқронӣ иштироки ҳайати дастаҳои Суғд (2 даста), Хатлон (2 даста) ва шаҳри Душанбе (2 даста) дар назар аст. Манбаъ мегуяд, ғолибони мусобиқаи мазкур бо медалу ифтихорномаҳо қадрдонӣ хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG