Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Менталитет, роҳ ба сӯи фасод?


Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд ё OECD ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки дар Кодекси ҷиноятӣ, на танҳо «додан» ва «гирифтани пора», балки «талаб» ва «ваъдаи пора» ҳам ҷиноят шумурда шавад.

Аммо мақомоти Тоҷикистон бар инанд, ки чунин тағйир ба қонун хилофи менталитет ва урфи мардуми кишвар аст, ки ба чунин шева сипосгузории худро нишон медиҳанд. Таври маълум, онҳое, ки мушкилашон осон мешавад, ба нишони сипос мегӯянд: «Ташаккур, мо ба хидмат омодаем» ё «некиҳои шуморо як умр фаромӯш намекунем» ва монанди ин. Ба ақидаи коршиносони OECD, ин худ боз кардани роҳ ба сӯйи ришва аст.

Ин нукта дар ҷаласаи гурӯҳи кории мутобиқгардонии қонунгузории милии Тоҷикистон ба талаботи меъёрҳои Қатъномаи СММ зидди фасод, тавсияҳои ФАТФ (Гурӯҳи молиявии давлатҳои ҷаҳон оид ба муқовимат расмикунонии пулҳо ва маблағгузории терроризм) ва OECD (Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд), ки рӯзи 18-уми октябр дар Оҷонсии мубориза бо фасод баргузор шуд, баён гардид.

Милопар Бандишоев, муовини раиси Оҷонсии зидди фасод.
Милопар Бандишоев, муовини раиси Оҷонсии зидди фасод.
Муллопар Бандишоев, муовини раиси Оҷонсии зидди фасод гуфт, ки мо метавонем, тавсияҳое аз ин созмонро, ки ба менталитети мардуми тоҷик мувофиқ нестанд, иҷро накунем. Барои муайян кардани вазъи мубориза бо фасод дар Тоҷикистон, дарёфти нуқтаҳои заъфи он ва таъйини стратегияи муносиби ин мубориза Тоҷикистон бояд ба беш аз 500 саволе, ки коршиносони OECD пешниҳод кардаанд ҷавоб диҳад. Ҷаноби Бандишоев гуфт, «гурӯҳи коршиносони ин созмон моҳи январи соли 2014 ба Тоҷикистон омада, бо ҷомеаи шаҳрвандӣ вомехӯранд ва дурустии ҷавобҳои пешниҳодшударо месанҷанд».

Ин дар ҳолест, ки барои посух гуфтан ба суолҳо то охири моҳи ноябр фурсат дода шудааст ва тавсияҳои OECD бояд то охири сол ба иҷро расанд ва Тоҷикистон дар даври сеюми мониторинги татбиқи тавсияҳои СҲИР моҳи марти соли 2014 дар Порис ҳисобот диҳад. СҲИР дар доираи нақшаи амалиёти Истамбулии мубориза бо коррупсия барои кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, беш аз бист тавсияҳо додааст, ки то ҳол аз ин тавсияҳо 1 тавсия пурра, 4 тавсия асосан, 9 тавсия қисман ва 3 тавсия иҷроношуда боқӣ мондаанд.

Шокирҷон Ҳакимов.
Шокирҷон Ҳакимов.
Соҳибназарон мегӯянд, воқеан созмонҳои байналмилалӣ метавонанд ба коҳиши фасод дар Тоҷикистон таъсир дошта бошанд. Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдони тоҷик гуфт, «шарту шароите, ки онҳо ҳангоми сармоягузорӣ ва ҷудо кардани грантҳо мегузоранд, аз ҷониби ҳукумат ҷиддӣ пазируфта мешавад».

Ба андешаи ҷаноби Ҳакимов, номукаммалӣ ва таъмин нашудани волоияти қонун, камбудиҳо дар сиёсати кадрӣ, маҳалгароӣ ва номуташаккилии ҷомеаи шаҳрвандӣ, муборизаро бо фасод дар кишвар заиф мекунад.

Барои пешгирии фасод ва иҷрои тавсияҳои созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон «Стратегияи миллии муқовимат бо фасод барои солҳои 2013-2020» аз 30 августи соли 2013 таҳия гардида, Шӯрои миллии муқовимат бо фасод таъсис ёфтааст.
XS
SM
MD
LG