Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малика Элизабет бо Малола Юсуфзай мулоқот кард


Малика Элизабет ҳангоми пазируфтани Малола дар Лондон
Малика Элизабет ҳангоми пазируфтани Малола дар Лондон
Малола Юсуфзай-фаъоли омӯзишу парвариши ҷавонони Покистонро рӯзи ҷумъа дар кохи Бакингами Лондон Элизабет- Маликаи Британия ба ҳузур пазируфт. Моҳи октябри соли гузашта дар роҳ ба сӯи мактаб Толибон ба сари Малола тир зада буданд. Вале вай зинда монд ва муолиҷа гирифт.

Соли ҷорӣ Малола барандаи ҷоизаи Сахаров шуд. Ин ҷоизаи ҳуқуқи башарро Порламони Аврупо тақдим мекунад. 12 октябри соли ҷорӣ Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар Кохи Сафед Малоларо ба ҳузур пазируфт ва Обама вайро барои “фаъолияти илҳомбахшу созандааш” ситоиш кард.

Малика Элизабет аз Малола хост, ки фаъолияти худро барои ҳимоят аз ҳуқуқи кӯдакон барои таҳсил дар саросари ҷаҳон мдома диҳад.

Толибон мегӯянд, ки Малола барои ҷоизаҳои гирифтааш коре накардааст ва онҳо бори дигар талош хоҳанд кард, ки вайро ба қатл расонанд.
XS
SM
MD
LG