Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси "Русал" бо "Талко" аст ё бо коршарики он?


Ширкати «Русал» мегӯяд, моҷаро на бо худи "Талко", балки бо ширкати оффшории CDH Investments Corp аст, ки Додгоҳи ҳакамии Швейтсария онро ба пардохти то 274,3 миллион доллар қарзу ҷаримаҳояш муваззаф кардааст.

Хадамоти матбуоти «Русал» дар як мусоҳибаи катбӣ бо радиои «Озодӣ» ба ин ҳам ишора кард, ки ширкати CDH Investments Corp аллакай дар моҳи сентябр ба Додгоҳи федеролии Швейтсария шикоят бурд, аммо шикаст хӯрд. CDH Investments Corp коршарики ширкати алюмини тоҷик "Талко" аст ва зоҳиран, вазни ҷазои он бар дӯши ин корхонаи давлатии Тоҷикистон меафтад.

Акнун «Русал» тасмим гирифтааст, ин Ҷазираҳои Вирҷинияи Британияро маҷбур кунад, ки ҳукми додгоҳро ба иҷро расонанд, CDH Investments Corp дар ҳамин ҷо сабти ном шудааст. Барои ин «Русал» аз коршарики худ дар Ҷазираҳои Вирҷиния – ширкати Albaco истифода хоҳад кард. Он ҳамчунин мехоҳад, ба додгоҳи ИМА ва дигар кишварҳо муроҷиат кунад, то ҳамаи ҳуҷҷатҳо дар мавриди додуситадҳои бонкӣ ва моликони ширкати оффшории CDH Investments Corp-ро ошкор кунанд. Ба ин тартиб, аз эҳтимол дур нест, ки ба зудӣ номи соҳибони ин ширкат, ки гуфта мешавад, аз наздикони раисиҷумҳури Тоҷикистонанд, ифшо шуда, сарвати онҳо зери хатар монад.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:12 0:00
Линки мустақим

Аммо дар ин маврид масъулони «Талко» аз додани шарҳ худдорӣ карданд ва нахостанд дар ин бора чизе бигӯянд.

Расонаҳои Русия менависанд, сухан аз ришвагирии яке аз сарварони пешини корхонаи алюмини Тоҷикистон меравад, ки дар иваз барои «Русал» шароити беҳтар фароҳам овардааст. Ҳоло "Талко" мехоҳад, баҳс на дар додгоҳ, балки мисли муҳокимаи Лондон, бо муомилаи махфие ба поён расад.

Кулли ниҳодҳои блоки иқтисодии Тоҷикистон аз сӯҳбат дар мавриди тасмимашон ҷиҳати ҳалли ин қазия худдорӣ карда, гуфтанд, танҳо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва маволи давлатӣ салоҳияти ибрози назар дар ин мавридро дорад. Аммо масъули ин кумита ҳам аз ибрози назар кардан дар ин маврид худдорӣ намуд ва ҳалли мушкилро вазифаи роҳбарияти "Талко" номид.

Зафар Абдуллоев
Зафар Абдуллоев
Бояд гуфт, матбуоти Русия ду рӯз қабл бо такя ба баёнияи худи ширкати «Русал» навишта буданд, ки Додгоҳи ҳакамии байналмилалӣ дар Швейтсария нисбати худи «Талко» ҳукм кардааст, ки ба фоидаи ин ширкати русӣ ҳудуди 275 миллион доллари амрикоӣ пули ашё хом барои тавлиди алюминиюм ва масрафоти додгоҳиро пардохт кунад.

Зафар Абдуллоев, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, «Талко» имкони сарпечӣ кардан аз пардохти ин маблағро надорад чунки ин ширкат марбут ба давлати Тоҷикистон аст: «Дар сурати эътироф накардани ҳукми ин додгоҳи Швейтсария, на танҳо нисбати худи «Талко», балки нисбати худи давлати Тоҷикистон санксия (таҳрим) ҷорӣ карда мешавад ва эҳтимол нисбати кишвар дефолт эълон карда шавад. Чунки ин ширкати давлатист. Аммо табиист, ки Эмомалӣ Раҳмон иҷоза намедиҳад, вазъият то ба ин дараҷа расад».

Ҷаноби Абдуллоев афзуд, ки мақомоти Тоҷикистон мекӯшанд, ки ин қазияро аз роҳи гуфтушунид бо «Русал» ҳаллу фасл кунанд. Абдуллоев мегӯяд, ба эҳтимоли зиёд ҷонибҳо ба мувофиқае хоҳанд расид, ки бар зарари «Талко» хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG