Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия мегӯяд, ҷосусони Исроилро ба Эрон "нафурӯхтааст"


Туркия рӯзи панҷшанбе иддаои рӯзномаи "Вошингтон пост" дар бораи ифшои ҳалқаи ҷосусони Исроил ба Эронро такзиб кард ва онро "таблиғоти сиёҳ" хонд.

Рӯзномаи "Вошингтон пост" рӯзи панҷшанбе навишта буд, давлати Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҳувияти наздик ба 10 нафар аз эрониҳоро, ки бо маъмурони "Мусод" дар хоки Туркия дидор доштаанд, барои вазорати иттилоот ё истихбороти Эрон ифшо кардааст. Пас аз интишори ин гузориш, Аҳмад Довудоғлу, вазири умури хориҷии Туркия ин гузоришро такзиб кард ва гуфт, бо ин гузоришҳо мехоҳанд "рисолат"-и давлати Туркияро беэътибор кунанд.

Вошинтгтон пост дар бахши дигар аз матлаби худ навиштааст, амрикоиҳо мутмаин нашуданд, ки оё Туркия ин корро ба қасди интиқом аз ҳамлаи Исроил ба киштиҳои кӯмакрасонӣ ба Ғазза анҷом дода буд ё ин, ки ин иқдом танҳо бахше аз раванди тира шудани равобити Исроил ва Туркия аст. Ба навиштаи ин рӯзнома, қарор маълум, Исроил бахше аз фаъолиятҳои иттилоотии худ алайҳи Эронро аз хоки Туркия анҷом дода ва созмони амнияти Туркия ба мавзӯъ пай бурдааст.

Ин рӯзнома ба нақши Ҳоқон Файзон, раиси Созмони амнияти Туркия дар ин қазия ишора карда ва даъво кардааст, ки вай то пеш аз баҳори арабӣ бо Теҳрон робитаи наздик дошт. Дар вокуниш ба мақолаи Вошингтон пост ва мақолаи дигаре, ки ҳафтаи гузашта рӯзномаи Wall Street Journal ба нақши Файзон дар Сурия пардохта буд, Аҳмад Довудоғлу изҳор дошт, ки замони интишори ду мақола "аҳамият" дорад. Ба гузориши рӯзномаи "Ҳуррият", вазири умури хориҷии Туркия гуфт, "ин иддаоҳо дар бораи Ҳоқон Файзон на танҳо бепоя аст, балки намунае аз таблиғоти сиёҳ аст".

Яке аз мушовирони вазири умури хориҷии Туркия низ мақолаи "Вошингтон Пост"-ро номураттаб хонд ва гуфтааст, ки мақола бо воқеияти Созмонҳои иттилоотӣ созгор нест. Ин мушовири вазири умури хориҷии Туркия гуфтааст, ки бархе аз қудратҳо дар остонаи интихоботи Туркия алайҳи давлат ва созмони амнияти он ҷанги равонӣ ба роҳ андохтаанд.
XS
SM
MD
LG