Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукми нави Тошев ва Ризоевро эълон карданд


Садриддин Тошев-яке аз маҳкумшудагон

Садриддин Тошев-яке аз маҳкумшудагон

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Садридин Тошевро 7 сол ва Суннатулло Ризоевро 9 сол маҳкум ба зиндон кард.

Субҳи 18 октябр қозии додгоҳ дар Хуҷанд ҳукми Садриддин Тошев ва Сунатулло Ризоевро қироат кард. Онҳо барои паҳн кардани навори шиканҷаи маҳбусон муттаҳам дониста мешавад. 9 октябр айбдоркунандаи давлатӣ Иброҳим Саидов, корманди додситонии Суғд дар мурофиаи додгоҳ хост, то Садридин Тошев ва Суннатулло Ризоевро барои паҳн кардани навори шиканҷаи маҳбусон ва талош барои халалдор кардани фаъолияти маҳбас гунаҳкор дониста, онҳоро ба мӯҳлати 8 ва 10 соли зиндон муҷозот кунанд.

Падари Садриддин Тошев, ки дар ҷараёни мурофиаи имруз ширкат дошт ба радиои Озодӣ гуфт,ки ин ҳукм одилона нест ва ба Додгоҳи олӣ шикоят хоҳад бурд.Вале падари Ризоев ширкат надошт.
XS
SM
MD
LG