Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малоларо Маликаи Британия ба ҳузур мепазирад


Малола Юсуфзай
Малола Юсуфзай
Қарор аст Малола Юсуфзай-фаъоли омӯзишу парвариши ҷавонони Покистон рӯзи ҷумъа дар кохи Бакингами Лондон бо Элизабет- Маликаи Британия мулоқот кунад. Моҳи октябри соли гузашта дар роҳ ба сӯи мактаб Толибон ба сари Малола тир зада буданд. Вале вай зинда монд ва муолиҷа гирифт.

Соли ҷорӣ Малола барандаи ҷоизаи Сахаров шуд. Ин ҷоизаи ҳуқуқи башарро Порламони Аврупо тақдим мекунад. 12 октябри соли ҷорӣ Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар Кохи Сафед Малоларо ба ҳузур пазируфт ва Обама вайро барои “фаъолияти илҳомбахшу созандааш” ситоиш кард.

Толибон мегӯянд, ки Малола барои ҷоизаҳои гирифтааш коре накардааст ва онҳо бори дигар талош хоҳанд кард, ки вайро ба қатл расонанд.
XS
SM
MD
LG