Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардеро, ки дар Эрон ба дор кашиданд, зинда монд


Афви Байналмиллал ё Amnesty International аз мақомоти Эрон хостааст, ки нақшаи ба дор кашидани мардеро канор бигзорад. Бори аввал вай аз чунин муҷозот ҷон ба саломат бурд. Ин марди 37 солаи зиндонӣ, ки аз вай танҳо “Алиризо М.” ном мебаранд, ҳафтаи гузашта дар зиндони Буҷнурд барои маводи мухаддир ба дор кашида шуд. Бино ба гузоришҳо, пизишк эълон кард, ки вай мурдааст. Вале вай зинда будааст. Вайро рӯзи баъд ба бемористон интиқол доданд ва ба ҳуш омад.

Филип Лютер-раҳбари барномаҳои Афви Байналмиллал барои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ мегӯяд, талошҳо барои бори дуввум ба дор кашидан “даҳшатовар” аст ва гувоҳи набуди ҷанбаҳои инсонӣ дар низоми адлияи Эрон мебошад.

Бино ба маълумоти созмони Афви Байналмиллал, Эрон дар давоми соли ҷорӣ дастикам 508 нафарро эъдом кардааст.
XS
SM
MD
LG