Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сноуден: "Ба Русия ва Чин ягон санади махфӣ надодаам"


Эдвард Сновден
Эдвард Сновден
Эдвард Сноуден-ифшогари розҳои кашфи Амрико мегӯяд, вай мутмаин аст, ки Русия ва Чин ҳеҷ як аз асноди маҳрамеро, ки вай аз Ожонси амнияти Амрико гирифтааст, ба даст наовардаанд.

Дар як мусоҳибаи нав бо рӯзномаи “The New York Times” Сноуден гуфт, ки қабл аз парвоз аз Ҳонг Конг ба Маскав вай ҳамаи аснодро ба рӯзноманигорон додааст. Сновден мегӯяд, вай ҳамчунин тавонистааст чунин аснодро аз ҷосусони Чин эмин нигоҳ дорад, зеро вай барои ин кор тамрини хос дидааст.

Сноуден гуфт, имкони Русия ва Чин барои дастрасӣ ба асноди маҳрами Амрико, ки вай бо худ доштааст, ба “сифр” баробар будааст.

Сноуден сарчашмаи ифшои маълумоти сиррии Амрико дар бораи гӯш додан ба сабти гуфтугӯҳои телефонӣ ва интернетии саросари ҷаҳон аз тарафи Амрико буд.
Ҳоло Русия ба Сноуден паноҳгоҳ додааст, вале Амрико вайро барои ҷосусӣ гунаҳгор медонад.
XS
SM
MD
LG