Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

"Интерпол" тоҷикеро дар Русия боздошт кард


Далер Иброҳимов.

Далер Иброҳимов.

Як шаҳрванди 22-солаи Тоҷикистон, ки дар ҷустуҷӯи полиси байналмиллалӣ қарор дошт, дар вилояти Свердлов боздошт шудааст.

Тибқи иттилои вазорати корҳои дохилии Русия, тоҷики дастгиршуда, ки аз вай Далер Иброҳимов ном бурда мешавад, бо дархости Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи пулиси байналмиллалӣ қарор доштааст. Иброҳимов барои ғорат кардани як шаҳрванди Ҳиндустон дар шаҳри Душанбе гумонбар дониста мешуд. Тавре расонаҳои маҳаллии Русия дар ин бора навиштаанд, Далер Иброҳимовро кормандони Интерпол дар наздикии истгоҳи «Беженово»-и ин шаҳр дастгир кардаанд.

Гуфта мешавад Иброҳимов соли 2012 бо се ҳамшарики худ дар шаҳри Душанбе як шаҳрванди Ҳиндустонро ғорат кардаанд. Баъд аз кушодани парвандаи ҷиноӣ нисбати ин ҳодиса, Иброҳимов аз Тоҷикистон фирор кардааст ва тибқи навиштаи хабаргузориҳои русӣ, мақомоти тоҷик барои дастгир кардани ӯ ба пулиси байналмиллалӣ муроҷиат кардаанд.

Мақомоти Русия гуфтаанд, ки зиёда аз як сол Далер Иброҳимов дар ин кишвар ғайриқонунӣ ба сар бурдааст. Ӯ танҳо соли ҷорӣ дар мақомоти маҳаллаи Белярски худро сабти ном мекунад ва дар яке аз корхонаҳои маҳаллӣ ба кор оғоз менамояд. Мақомоти пулис Далер Иброҳимовро дар ҳоле дастгир кардаанд, ки дар ин минтақа амалиёт алайҳи муҳоҷирони ғайриқонуниро анҷом медиҳанд ва ба онҳо маълум мешавад, ки ин нафар дар ҷустуҷӯи полис қарор дорад.

Ҳарчанд Далер Иброҳимов аз соли 2012 инҷониб дар дар ҷустуҷӯ қарор дорад, аммо ҳоло дар рӯйхати шаҳрвандони дар кофтуковбудаи сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо чунин ном касе нест. Мақомоти тоҷик то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.

ТАФСИЛОТ НАШР МЕШАВАД

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG