Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боз як муштзани тоҷик аз мусобиқоти ҷаҳонӣ хориҷ шуд


Ораз Афзалшоев, муштзани тоҷик, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Алмаатои Қазоқистон ноком шуд.

Вай рӯзи 17-уми октябр дар даври аввал дар вазни то 56 кг аз рақибаш Ҷовид Чалабиев (Озарбойҷон) шикаст хӯрд. Ин дувумин варзишгари тоҷик аст, ки дар ин мусобиқот мағлуб гаштааст. Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали мусобиқот муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар вазни то 91 кг аз Леван Гуледани (Гурҷистон) аз рӯи имтиёз бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрда буд.

Дар мусобиқоти ҷаҳонӣ 576 варзишгар аз 118 кишвар ширкат доранд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 7 муштзан дохиланд. Аз байни онҳо то ҳоло ду нафар - Шаҳриёр Аҳмадов ва Шавкатҷон Раҳимов ба даври дувум роҳ ёфтанд.
Шаҳриёр, ки дар даври аввал дар вазни то 52 кг бар рақибаш Александр Шепелюк аз Украина пирӯз шуд,дар даври дувум имрӯз,18-уми октябр, бо Винсензо Рикарди аз Италия қувваозмоӣ хоҳад кард.

Шавкатҷон бошад, дар даври аввал дар вазни то 64 кг бар рақибаш Адилсон Ҷустино (Ангола) ғолиб омад. Вай дар даври дувум рӯзи ҷумъа бо Бранимир Станкович аз Сербия вориди рақобат мешавад.

Рӯзи 19-уми октябр ду варзишгари дигари тоҷик ба сабқат шурӯъ менамоянд. Наврӯз Ҷафоев, ки дар рақобатҳо дар вазни то 75 кг аз даври аввал озод буд, дар даври дувум бо Азизбек Абдуғафуров (Узбакистон) мубориза мебарад. Инчунин Меҳроҷиддин Каримов дар вазни беш аз 91 кг дар нахустин қувваозмоияш бо Кумар Сатиш (Ҳиндустон) рақобат мекунад.

Муштзани машҳури тоҷик Анвар Юнусов, ки аз даври аввал озод аст, дар даври дувум рӯзи 20-уми октябр дар вазни то 60 кг бо Дайсуке Нариматсу (Ҷопон) зӯрозмоӣ хоҳад кард.

Қувваозмоиҳои даври пешакӣ то 22-юми октябр идома меёбанд. 23-юми октябр даври чорякниҳоӣ, 25-уми октябр даври ниманиҳоӣ ва 26-уми октябр даври ниҳоӣ баргузор мешаванд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG