Пайвандҳои дастрасӣ

Сарҳанг Евгений Тубол, фармондеҳи нави пойгоҳи низомии 201-и Русия дар қаламрави Тоҷикистон таъин шудааст.

Масъулони пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки "сарҳанг Евгений Тубол, бо фармони Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, фармондеҳи пойгоҳи 201-и он кишвар дар Тоҷикистон таъин гардидааст."

Ба гуфтаи онҳо, сарҳанг Тубол дар ин мақом Сергей Рюмшинро иваз кардааст. Сергей Рюмшин аз моҳи августи соли 2010 фармондеҳии пойгоҳи низомии 201- и Русия дар Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт. Аммо Евгений Тубол, зодаи Пирморс буда, 3 сентябри соли 1968 дар ноҳияи Чугуевкаи ин минтақаи Русия таваллуд шудааст.

Сарҳанг Тубол хатмкардаи омӯзишгоҳи олии низомии Шарқи Дур дар соли 1986 ва Академияи нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар соли 2001 ва Академияи низомии Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Русия мебошад. Ҳамзамон бо хидмат дар нерӯҳои мусаллаҳи Русия, тамоми мақомҳои раҳбариро пушти сар карда ва ҳамакнун ба симмати фармондеҳи пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон расидааст. Сарҳанг Евгений Тубол оиладор буда, соҳиби се фарзанд аст.

Евгений Тубол

Евгений Тубол

Таъини сарҳанг Тубол ба мақоми фармондеҳи Лашкари 201, дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ахиран порлумони Тоҷикистон созишномаи тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистонро тасвиб кард.

Бо тасвиби ин санад, ки қаблан Думаи давлатии Русия низро онро тасвиб карда буд, ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон то соли 2042 тамдид гардид. Ин созишнома дар ҷараёни сафари Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба Тоҷикистон дар октябри соли гузашта ба имзо расида буд.

Зимнан, пойгоҳи 201-ум, ки воҳидҳои низомиаш дар шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб ва Қӯрғонтеппаи Тоҷикистон мустақар мебошанд, бо наздики 7 000 аскару афсар бузургтарин пойгоҳи низомии Русия ва ҳам бузургтарин воҳиди нирӯҳои хушкигарди ин кишвар дар хориҷ ба шумор меравад.

Пойгоҳи 201-ум дар соли 2004 дар заминаи дивизияи 201-уми артиши Русия, маъруф ба “Гатчинская дивизия”, ташкил ёфт. Таърихи таъсиси ин дивизия аз 1 июни соли 1943, ки ҷанги дувуми ҷаҳонӣ ба нуқтаи авҷаш расида буд, оғоз мегирад. Пойгоҳи 201 ширкат дар набардҳо алайҳи Олмони фашистӣ, дар ҷанги солҳои 1979-1989 дар Афғонистон ва ҳам дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон (1992-1995)-ро дар корномааш сабт кардааст

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG