Пайвандҳои дастрасӣ

Мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯянд, ки раҳбари як гурӯҳи қочоқчиён афғонро ҳини задухӯрд дар марзи ҷанубии кишвар, аз байн бурдаанд.

Шоми 17-уми октябр дар ин бора тавассути шабакҳои телевизиони давлатӣ барномае намоиш дода шуд, ки тибқи он дар нимаи дувуми моҳи сентябр кормандони аният дар вилояти Хатлон зимни амалиёти дастгиркунӣ аз ин гурӯҳи қочоқчиён 73,4 кг маводи нашъадор, аз ҷумла 72,5 кг бангдона ва ҳудуди як кило ҳашишро ҳам мусодира намудаанд.

Ин амалиёт рӯзи 18-уми сентябри соли равон дар ҳудуди ноҳияи Фархор гузаронда шудаааст ва ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, дар ҷараёни он миёни аъзои гурӯҳи ҷиноии муташаккил, таҳти сардории Ғуломраббонӣ валади Бегмуҳаммадназар, соли таваллудаш 1981, сокини вилояти Тахори Афғонистон ва кормандони мақомоти амниятии тоҷик задухурди мусаллаҳона ба амал омадааст. Дар натиҷа раҳбари ин гурӯҳ кушта ва аъзои дигари он Амриддин валади Худоёри 30-сола аз пояш захмӣ шуда ба он сӯи марз паноҳ бурдааст.

Баъд аз анҷоми муқовимати мусаллаҳона кормандони мақомоти тоҷик аз ҷои ҳодиса ҷасади Ғуломраббонӣ валади Бекмуҳаммадназарро ҳамроҳи як адад силоҳи «Калашников», 5 адад тирдон бо 138 тирҳо, 2 телефони мобилӣ ва як борхалтаи полиэтинӣ бо 12,5 кг бангдона дарёфт кардаанд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ин гурӯҳи ҷиноӣ қаблан ҳам чунин ҷиноятҳоро дар қаламрави Тоҷикистон анҷом додаанд. Аз ҷумла гуфта мешавад, онҳо бо убури ғайриқонунии марз, қочоқи маводи мухаддир гунаҳкор дониста мешуданд.

Тибқи иттилои Кумитаи амнияти давлати миллӣ, аз ҷумла моҳи январи соли равон онҳо дар ҳудуди ноҳияи Фархор ҳангоми интиқоли маводи мухаддир тавассути марзи давлатии Афғонистону Тоҷикистон, бо марзбонони тоҷик муқовимати мусаллаҳона нишон дода будаанд, ки дар натиҷаи он Фахриддин Қозизодаи 19-сола, сокини ноҳияи Масчоҳ, ки хизмати ҳарбиро адо мекард, ҳалок шуда буд.

Ҳамчунин ин гурӯҳи ҷиноӣ моҳи майи ҳамин сол дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъадор гунаҳкор дониста мешавад. Мақомоти қудратии тоҷик дар моҳи май аз онҳо 13 кг бангдона ва ҳашиш дарёфт кардаанд. Вале худи Ғуломраббонӣ валади Бекмуҳаммадназар дар он амалиёт дастгир нашуда буд.

Мақомоти амниятӣ ҳамчунин мегӯяд ин шаҳрванди Афғонистон бо Ҳабибулло Маҳаммадов, бо тахаллуси Ҳабиб-паҳлавон,сокини шаҳри Кӯлоб, иртибот доштааст. Кормандони мақомот рӯзи 18-уми августи ҳамин сол ҳангоми доду гирифти маводи нашъадор дар ноҳияи Ҳамадонӣ Маҳаммадов Ҳабибуллоро дастгир мекунанд ва вай ба ҳабс кашида мешавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG