Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи мусобиқоти лигаи олии Тоҷикистон баъди танаффус


Рӯзҳои 19-20-уми октябр бозиҳои даври 17-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқоти лигаи олии кишвар бинобар бозии дӯстонаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Қирғизистон танаффус эълон шуда буд.

Дар даври 17-уми мусобиқот дастаҳое, ки барои унвони қаҳрамонӣ талош доранд, бозиҳоро дар меҳмонӣ анҷом медиҳанд. “Равшан”-и Кӯлоб дар сафар бо “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва “Истиқлол”-и Душанбе бо “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода рақобат мекунанд. Дар ду бозии дигар “Энергетик”-и Душанбе дар майдони худ бо “Хайр”-и Ваҳдат ва ССКА “Помир”-и Душанбе бо “Вахш”-и Қӯрғонтеппа рӯбарӯ мешаванд.

Даври 17-ум
19-уми октябр (шанбе)
Оғози бозиҳо – соати 15.00

«РЕГАР-ТАДАЗ» (Турсунзода) - «ИСТИҚЛОЛ» (Душанбе).Турсунзода, варзишгоҳи «Металлург». Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

«ЭНЕРГЕТИК» (Душанбе) - «ХАЙР» (Ваҳдат). Душанбе, варзишгоҳи «Авиатор». Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа).

20-уми октябр (якшанбе)
Оғози бозиҳо – соати 15.00

«ХУҶАНД» (Хуҷанд) - «РАВШАН» (Кӯлоб). Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак». Сардовар: Раҳмон Муртазоев (Душанбе).

ССКА «ПОМИР» (Душанбе) - «ВАХШ» (Қӯрғонтеппа). Душанбе, варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон. Сардовар: Хуршед Дадобоев (Хуҷанд).


Дар ҷадвали мусобиқот «Равшан»-и Кӯлоб бо 33 имтиёз дар ҷойи аввал, «Истиқлол»-и Душанбе бо 30 имтиёз дар ҷойи дувум ва «Хайр»-и Ваҳдат бо 23 имтиёз дар ҷойи севум қарор доранд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот

Ҷ Дастаҳо Б Ғ М Б Тӯбҳо И
1. «Равшан» 11 11 0 0 17-2 33
2. «Истиқлол» 12 10 0 2 35-6 30
3. «Хайр» 13 6 5 2 21-13 23
4. «Регар-ТадАЗ» 11 6 2 3 14-11 20
5. «Энергетик» 12 4 3 5 12-14 15
6. «Хуҷанд» 12 3 4 5 10-14 13
7. «Парвоз» 12 3 4 5 10-19 13
8. «Вахш» 10 2 2 6 4-10 8
9. ССКА «Помир» 12 0 4 8 6-17 4
10. «Истаравшан» 11 0 2 9 6-29 2

Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни Сӯҳробӣ («Хайр”/ ”Истиқлол”) – 9 тӯб, Дилшод Восиев («Истиқлол») – 7 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”), Александр Кудряшов («Истиқлол») ва Мирзобек Мирзоев (“Хайр”) – 5-тӯбӣ.
XS
SM
MD
LG