Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интиқоди Обама аз ҷумҳурихоҳон барои 16 рӯзи "шатдавн"


Барак Обама

Барак Обама

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, сиёсатмадорон дар Вашингтон бояд шеваи кори худро тағир диҳанд. Баъд аз ба тасвиб расидани қонун дар бораи будҷа субҳи дигар Обама аз намояндагони ҷумҳурихоҳ интиқод кард, ки онҳо фаъолияти ҳукуматро боздоштанд.

Обама бо кормандони федеролӣ сӯҳбат кард, бо ононе, ки маҷбур буданд дар 16 рӯзи бефаъолиятии ҳукумат дар хона бимонанд, то масъалаи будҷа ҳал шавад.
Обама ҳушдор дод, ки ихтилофи назарҳо дар Конгресс “душманонро ташвиқ, рақибонро шердил ва дӯстонро афсурда кард, ононеро, ки моро чун пештози қаввӣ мешиносанд”.

Акнун садҳо ҳазор нафар коргарон дар Амрико ба корҳои худ бармегарданд.
XS
SM
MD
LG