Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозёфти нодири бостоншиносон дар Гурҷистон


Бозёфти як косахонаи сар дар Гурҷистон, ки 1 миллиону 800 ҳазор сол дорад, бостоншиносонро водор мекунад, ки ба таърихи пайдоиши инсон дар давраҳои қадимтар нигоҳи тоза афкананд.

Ин косахонаро дар 93 километрии шаҳри Тифлис пайдо кардаанд. Бостоншиносон мегӯянд, як ҷо қисматҳои дигаре, ки пештар дар ин маҳал ёфта буданд, гувоҳи он аст, ки ниёкони ин маҳал дар давраи қадим аз Африқо баромадаанд ва ба ҷойҳои дигари ҷаҳон рафтаанд.

Дар бораи ин бозёфти бостонӣ нашрияи “Science” рӯзи панҷшанбе мақолаи муфасал чоп кардааст.
XS
SM
MD
LG