Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Коршиносон олудагии ҳаворо сабаби бемории саратон медонанд


Коршиносони Созмони Ҷаҳонии беҳдошт бар ин ақидаанд, ки сабаби аслии гирифтории одамон ба бемории саратон олудагии ҳаво мебошад. Курт Штраф-раиси Ожонси байналмиллалии Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфт, олудатарин ҳаво дар Чин ва Ҳиндустон мушоҳида шудааст ва сабаби он партоби газҳои корхонаҳои саноатӣ ва дуди мошинҳо ба ҳаво будааст.

Дар оғози ҳафтаи ҷорӣ натиҷаи таҳқиқоти коршиносони Иттиҳодияи Аврупо ба нашр расид ва он гувоҳӣ медиҳад, ки дар Аврупо Булғористон ва Полша вазъи нигаронкунанда ва бадтаре доштаанд.
XS
SM
MD
LG